
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид.
Дар ҷараёни боздид дар заминаи ҶДММ «Huajian Gayur Industrial» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд. Корхона ба истеҳсоли армстронг — масолеҳи муосир ва аз ҷиҳати экологӣ бехатари сохтмонӣ машғул буда, дар корҳои ороиши дохилӣ васеъ истифода мегардад ва ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз кишвар талаботи зиёд дорад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона иттилоъ дода шуд, ки хатҳои истеҳсолӣ аз ҷониби ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ таъмин гардида, иқтидори лоиҳавии корхона то 9 миллион адад маҳсулот дар як солро ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳои бозор, талаботи дохилӣ тақрибан 3 миллион ададро дар бар гирифта, қисми боқимондаи маҳсулот тибқи шартномаҳои басташуда ба содирот равона карда мешавад.
Бо ба фаъолият оғоз намудани корхона барои сокинони маҳаллӣ 30 ҷойи кори сердаромад фароҳам оварда шуд. Номгӯи маҳсулот зиёда аз 150 тарҳи муосирро дар бар гирифта, инчунин маҳсулоти фармоишӣ низ истеҳсол карда мешаванд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин корхонаҳоро қадами муҳим дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръат арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки густариши иқтидорҳои истеҳсолӣ ба таҳкими иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар мусоидат менамояд.
Дар рафти боздид Сарвари давлат инчунин бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати таваҷҷуҳи махсус ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки корхонаҳои фаръии ширкати ватанӣ Gayur Group дар доираи дастгирии ташаббусҳои давлатӣ оид ба рушди бахши хусусӣ дар соли ҷорӣ панҷ корхонаи истеҳсолӣ бунёд намуда, барои тақрибан 600 нафар ҷойҳои кори сердаромад муҳайё кардаанд.
