













Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 расман оғоз гардид. Бинои нав аз 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 800 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар маросими оғози сохтмон раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин, роҳбарону кормандони соҳаи маориф ва фаъолон иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки иқдоми мазкур бо саҳми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло амалӣ гардида, намунаи равшани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Тибқи нақша, иншоот то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо дастгирии сиёсати давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, тадриҷан мушкилоти норасоии синфхонаҳо бартараф гардида, барои хонандагон шароити муосири таҳсил фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Бинои нав дорои синфхонаҳои замонавӣ буда, ба беҳтар гардидани сифати таълим ва фарогирии бештари хонандагон мусоидат менамояд. Соҳибкор Акбар Асадулло ҳамчунин дар сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди МТМУ №69 ва дигар муассисаҳои таълимии ноҳия саҳмгузорӣ намуда истодааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба соҳибкори ташаббускор изҳори сипос баён гардида, ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Оғози сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №72 қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини ояндаи дурахшони насли наврас ба шумор меравад.
