





1 min read
Дар иҷлосияи навбатии XXXIV Ассамблеяи халқи Қазоқистон, ки ба 30-солагии Ассамблея бахшида шудааст, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба хайрхоҳи маъруфи тоҷик ва Сафири дӯстии Ассамблеяи халқи Қазоқистон Акбар Асадулло грамотаи фахрӣ супориданд.
Ин мукофот барои саҳми арзанда дар таҳкими дӯстӣ, ваҳдати байниқавмӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Ҳамчунин, тибқи Фармони Сарвари давлати Ҷумҳурии Қазоқистон, Акбар Асадулло дар арафаи 30-солагии Ассамблеяи халқи Қазоқистон бо медали ҷашнӣ қадрдонӣ гардид.
