
Дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ду корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли маводи лаку ранг ва гарминигоҳдорӣ санги асос гузоштанд.
Корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои 150 нафар ҷойи кори нав фароҳам оварда, дар рушди соҳаи саноати кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин ду корхона аз ҷониби ҶДММ «Gayur» бо маблағи 150 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мегардад.
Иқтидори солонаи корхонаи истеҳсоли рангҳои эмулсионӣ 150 тонна ва иқтидори корхонаи истеҳсоли маводи гарминигоҳдорӣ 170 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Соҳибкор уҳдадор гардид, ки сохтмони корхонаҳоро бо сифати баланд ва мутобиқ ба тамоми талаботи муқарраршуда то соли 2018 ба анҷом расонад.
Пас аз маросими гузоштани санги асос Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли гипсокартони Hua Jian ва Gayur Industrial Ltd-ро расман мавриди истифода қарор доданд.
Корхона дар масоҳати 5,2 гектар бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии шабонарӯзии он 10 ҳазор варақи гипсокартон ва ҳаҷми солонаи истеҳсолот зиёда аз 2,5 миллион варақро ташкил медиҳад.
Дар корхона барои зиёда аз 200 нафар мутахассисону кормандон ҷойҳои кори доимӣ таъсис дода шудааст.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба иншооти саноатии сохташуда зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ба тақрибан 18 миллион доллари ИМА баробар мебошад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки санги асоси ин корхона бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 ноябри соли 2014 гузошта шуда буд.
