







Муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода аз корхонаи саноатии Gayur Ecoblock, ки ба истеҳсоли блокҳои газобетонӣ машғул аст, боздиди расмӣ анҷом доданд.
Зимни боздид, бо раванди пурраи истеҳсолот, технологияҳои истифодашаванда, шароити корӣ ва низоми назорати сифат аз наздик шинос шуданд. Ба самаранокии истеҳсолот ва риояи стандартҳои муосири саноатӣ диққати махсус дода шуд.
Қайд гардид, ки нигоҳ доштани сифати баланди маҳсулот вазифаи аввалиндараҷа буда, риояи стандартҳои давлатӣ ва талаботи бозор ҳатмӣ мебошад. Ҳамчунин, зарурати баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва рушди минбаъдаи соҳаи саноат таъкид гардид.
Роҳбарияти корхона омодагии худро ҷиҳати иҷрои дастуру тавсияҳои пешниҳодшуда изҳор намуда, уҳдадории худро барои нигоҳ доштани сатҳи баланди истеҳсолот ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи масолеҳи сохтмонӣ тасдиқ намуд.
