

Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Gayur Group» Акбар Асадулло дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Миср, ки дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, иштирок намуд.
10 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон, сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои Миср мулоқот анҷом доданд. Дар оғози чорабинӣ Директори генералии сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср Муҳаммад Абдул Ваҳоб, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Са’ди ва Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбули суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Миср, ки бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбули баргузор гардид, муроҷиат намуданд. Сарвари давлат ин мулоқотро қадами муҳим дар роҳи рушд ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Миср номида, имкониятҳои васеи ҳамкорӣ ва сармоягузориро дар Тоҷикистон ба доираҳои соҳибкорӣ ва молиявии Миср муаррифӣ карданд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳоро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ менамояд ва зикр карданд, ки айни ҳол зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард доллари ИМА татбиқ мегардад. Қайд гардид, ки қонунгузории кишвар зиёда аз 240 навъи кафолат ва имтиёзҳоро барои сармоягузорон, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзи андозию гумрукӣ пешбинӣ мекунад ва узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо мутобиқати стандартҳои байналмилалиро инъикос менамояд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Тоҷикистон бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда, бо 110 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад ва дорои иқтисоди бисёрсоҳа ва шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ саноати сабук ва хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, масолеҳи сохтмонӣ ва фармасевтика муайян гардида, истифодаи технологияҳои муосир ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ дар онҳо таъкид шуд. Ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, алоқа, нақлиёт, кишоварзӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин зиёд намудани коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия ба маҳсулоти ниҳоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Президенти кишвар зикр намуданд, ки айни замон дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дошта, барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоранд ва соҳибкорони мисрӣ ба иштироки фаъол дар ин минтақаҳо даъват шуданд. Иқтидори гидроэнергетикӣ, захираҳои маъданӣ, конҳои металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин бартариҳои табиӣ-иқлимии кишвар барои рушди кишоварзӣ таъкид гардиданд.
Қайд шуд, ки таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои фармасевтика, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин бастабандии оби нӯшокии босифат барои бозорҳои Шарқи Наздик метавонад аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд бошад. Ҳамчунин захираҳои бузурги оби нӯшокӣ ва намак дар Тоҷикистон зикр гардида, омодагии Ҳукумат барои дастгирии пешниҳодҳои асосноки сармоягузорони мисрӣ изҳор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба иқтидори сайёҳии кишвар, хусусан сайёҳии кӯҳӣ ишора намуда, афзоиши таваҷҷуҳ ба манзараҳои табиии кишварро қайд карданд. Ӯ изҳори боварӣ намуданд, ки густариши ҳамкорӣ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар хоҳад буд ва соҳибкорону сармоягузорони мисриро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба Тоҷикистон даъват карданд.
Дар анҷоми форум иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, муҳокимаҳои созанда байни ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Миср баргузор шуданд. Дар натиҷаи фаъолияти Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону Миср 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
