

1 min read
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ва баргузории Форуми сармоягузорони Тоҷикистону Италия, Созишномаи ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ — SACMI IMOLA S.C. ба имзо расид.
Мувофиқи ин Созишнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ бунёд карда мешавад. Арзиши лоиҳа зиёда аз 30 миллион евроро ташкил медиҳад.
