









26 августи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, як қатор иншооти таъйиноти иҷтимоиву иқтисодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ин рӯз бо саҳмгузории роҳбарияти Gayur Group таҳти роҳбарии муассис ва роҳбари ширкат Акбар Асадулло се иншооти муҳим ба истифода дода шуданд. Ин лоиҳаҳо саҳми пайвастаи ширкатро дар рушди саноат, маориф, беҳтар намудани инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ инъикос менамоянд.
Яке аз иншооти муҳим корхонаи нави саноатии ҶДММ «Gayur Industrial» оид ба истеҳсоли оҳаки пухта мебошад. Корхона бо маблағгузории 50 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 300 тонна дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад ва барои 200 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Лоиҳаи дигари муҳим таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Ёвон–Ваҳдат–Норак мебошад. Қитъаи роҳ ба масофаи 18 километр бо маблағгузории 20 миллион сомонӣ навсозӣ гардида, ба беҳтар шудани робитаҳои нақлиётӣ ва фароҳам омадани шароити мусоид барои сокинон ва истифодабарандагони роҳ мусоидат менамояд.
Дар самти маориф, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 ба номи Асалулло Ғулом бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мактаб барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо маблағи 10 миллион сомонӣ сохта шудааст ва барои хонандагони ноҳия шароити муосири таълим фароҳам меорад.
Ин иқдомҳои созанда саҳми арзандаи Gayur Group ва роҳбарияти онро дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд. Лоиҳаҳои мазкур ба рушди саноату маориф, беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ равона гардидаанд.
Бунёди роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои саноатӣ саҳмгузорӣ ба рушди устувор, беҳбудии зиндагии мардум ва ояндаи ободи Тоҷикистон мебошад.
