















Gayur Group аз оғози фаъолияти DILROZ GAYUR — корхонаи нави истеҳсоли нахҳои базалтӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба кор даромадани DILROZ GAYUR марҳилаи дигари муҳим дар рушди саноатии Gayur Group буда, аз талошҳои пайвастаи мо барои таҳкими иқтидори истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Корхонаи нав ба истеҳсоли нахҳои базалтӣ, ки ҳамчун минвата низ маъмул аст, махсус гардонида шудааст. Ин маҳсулот ҳамчун масолеҳи гарминигоҳдор ва садоногузар дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ ва иншооти инфрасохторӣ васеъ истифода мешавад.
Маҳсулоти DILROZ GAYUR ба талаботи муосири сифат, устуворӣ, самаранокии гармӣ, садоногузаронӣ ва бехатарии экологӣ ҷавобгӯ мебошад. Нахҳои базалтӣ инчунин бо муқовимат ба ҳарорати баланд фарқ карда, барои сохтмони каммасраф мувофиқ мебошанд.
Оғози фаъолияти корхона имкон медиҳад, ки бозори дохилии ҷумҳурӣ бо масолеҳи ватании гарминигоҳдор ва садоногузар таъмин гардида, вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад. Ҳамзамон, барои содироти маҳсулоти аз нахҳои базалтӣ истеҳсолшуда имкониятҳои нав фароҳам оварда мешаванд.
Барои Gayur Group таъсиси DILROZ GAYUR тавсеаи муҳими самтҳои саноатии ширкат ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти корхона ҳамчунин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди малакаҳои саноатии маҳаллӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Gayur Group ҳамчун ширкати сармоягузорӣ ва саноатӣ татбиқи лоиҳаҳоеро идома медиҳад, ки ба таҳкими истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ равона шудаанд.
Мо итминон дорем, ки DILROZ GAYUR дар қонеъ намудани талаботи афзоянда ба масолеҳи муосири гарминигоҳдор нақши муҳим бозида, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ таҳким хоҳад бахшид.
