



















Мо дар Gayur Group рушди истеҳсолоти ватаниро саҳми муҳим дар ояндаи саноатии Тоҷикистон медонем. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок» қадами назаррас дар ин самт гардид.
27 октябр дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхона ба истифода дода шуд.
Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.
«Эко Блок» бо таҷҳизоти муосири ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи истеҳсолии он 300 ҳазор метри мукааб газоблокро ташкил медиҳад. Аз рӯи иқтидори истеҳсолӣ, он бузургтарин корхонаи истеҳсоли газоблок дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Барои мо ба фаъолият оғоз намудани чунин корхонаҳо қадами муҳим дар таҳкими иқтидори саноатии кишвар ва рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ мебошад.
