













Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси ноҳияи Ёвон ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло корҳои бунёдӣ ва навсозии роҳи автомобилгарди масири Ёвон–Ваҳдат–Норак расман оғоз гардиданд.
Зимни маросими оғози корҳои сохтмонӣ таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои пайвастаи Сарвари давлат ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва густариши ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ амалӣ мегардад.
Татбиқи ин лоиҳа намунаи дигари саҳми фаъоли соҳибкорони ватанӣ дар рушди инфрасохтори дорои аҳаммияти иҷтимоӣ мебошад. Навсозии роҳ барои сокинон шароити бехатару мусоиди ҳаракатро фароҳам оварда, ба беҳтар гардидани робитаҳои нақлиётӣ ва осон шудани интиқоли мусофирону молҳо миёни минтақаҳои пайвастшаванда мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни чорабинӣ зикр гардид, ки рушди инфрасохтори роҳҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бунёд ва навсозии роҳҳои босифат на танҳо шароити зиндагии аҳолиро беҳтар месозад, балки барои густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Масири Ёвон–Ваҳдат–Норак барои робитаҳои нақлиётии минтақавӣ аҳаммияти муҳим дошта, навсозии он ба беҳтар гардидани дастрасӣ миёни маҳалҳои аҳолинишин, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва пешрафти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои атроф мусоидат хоҳад кард.
Оғози корҳои навсозӣ қадами муҳим дар самти беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ буда, ҳамкории самараноки мақомоти давлатӣ ва бахши хусусиро дар татбиқи лоиҳаҳои ба манфиати аҳолӣ равонашуда инъикос менамояд.
