









Роҳбарият ва аҳли кормандони Gayur Group муҳтарам Акбар Асадуллоро ба муносибати сарфароз гардидан бо ордени «Шараф» дараҷаи II самимона ва бо камоли эҳтиром табрик менамоянд.
Ин мукофоти олии давлатӣ ифодагари қадршиносии хизматҳои шоиста, меҳнати содиқона ва саҳми арзандаи ӯ дар рушди саноату иқтисодиёти кишвар, ободонӣ ва созандагии Ватани азизамон мебошад.
Бо роҳбарӣ ва талошҳои пайвастаи Акбар Асадулло Gayur Group ба яке аз маҷмӯаҳои муҳими истеҳсолии кишвар табдил ёфтааст. Тавассути бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи лоиҳаҳои созанда, ширкат дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.
Ин қадрдонӣ ҳамзамон нақши муҳими соҳибкориро дар таҳкими истеҳсолоти миллӣ, рушди саноат ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷомеа инъикос менамояд.
Итминон дорем, ки ин мукофоти арзанда ба Акбар Асадулло неру ва илҳоми тоза бахшида, барои идомаи фаъолияти созанда ва татбиқи ҳадафҳои нав дар роҳи рушди Тоҷикистони азиз заминаи боз ҳам бештар фароҳам меорад.
Роҳбарият ва аҳли кормандони Gayur Group бори дигар Акбар Асадуллоро самимона табрик намуда, ба ӯ саломатӣ, муваффақиятҳои минбаъда ва дастовардҳои нав дар фаъолияти муҳимашон орзу менамоянд.
Мукофоти давлатӣ муборак бошад, муҳтарам Акбар Асадулло.
