«Ғаюр Гурӯҳ» яке аз ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон буда, дар ҷалби сармоя ба бахши воқеии иқтисоди кишвар пешсаф эътироф шудааст. Гурӯҳ дар заминаи устувори меҳнат, арзишҳои баланд, навоварӣ, шарикии ҳалол ва одилона бунёд ёфтааст.
Ширкати « Ғаюр Гурӯҳ» соли 2002 дар заминаи корхонаи истеҳсоли хишт дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Ҷамъият, бо қабули стратегияи нави рушд ва истифодаи самараноки сарватҳои моддию маънавӣ, дар як муддати кӯтоҳ муваффақиятҳои калонро ба даст овард. Ҳамин тариқ, ширкат дар заминаи корхонаи хиштбарорӣ, истеҳсоли оҳак ва сементро ташкил намуда, дар бозори маҳаллии масолеҳи сохтмон ҷойи назаррасро ишғол намуд. Ҷамъият дар баробари бузургтар гардондани иқтидори истеҳсолии корхона ва афзун намудани имкониятҳои молиявӣ ба сохтмони пулу роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва хизмативу маишӣ низ шурӯъ намуд.
Ширкат дар самтҳои афзалиятноки истеҳсолӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузориро ба маблағи 320 миллион доллари ИМА амалӣ намуд, ки баъзеашон барои иқтисодиёти мамлакат аҳамияти калон доранд.
Профайли Ғаюр Гурӯҳро мутолеа намоед.