

ҶДММ «Ғаюр-Пак» ва директори корхона Каримов Комрон дар озмуни «Беҳтарин соҳибкори шаҳри Душанбе – 2025» дар номинатсияи «Истеҳсолоти саноати сабук» сазовори ҷоиза гардиданд.
Ин қадрдонӣ дастоварди муҳим барои корхона буда, натиҷаи фаъолияти пайвастаи ҳайати ҶДММ «Ғаюр-Пак» дар самти рушди истеҳсолоти муосири саноатӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таҳкими мавқеи истеҳсолоти ватанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷоизаи мазкур фаъолияти пурсамари корхона, истифодаи технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва саҳми назарраси ширкатро дар рушди саноати сабуки кишвар инъикос менамояд.
ҶДММ «Ғаюр-Пак» минбаъд низ ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, нигоҳ доштани сифати устувори маҳсулот ва васеъ намудани номгӯи маҳсулоти бастабандӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисод таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Рушди корхона бо ҳадафҳои дастгирии истеҳсолоти маҳаллӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ ва таъсиси ҷойҳои кори устувор робитаи зич дорад.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони ҶДММ «Ғаюр-Пак» барои чунин қадрдонӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳайати ҳакамони озмун изҳори сипоси самимӣ менамоянд.
Ин дастовард барои корхона ангезаи иловагӣ бахшида, моро водор месозад, ки фаъолияти истеҳсолиро боз ҳам такмил дода, технологияҳои муосирро ҷорӣ намоем ва дар рушди соҳаи истеҳсолоти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.
