ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ”, аз нуқтаи назари сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти воқеии кишвар, яке аз ширкатҳои бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Корхонаҳои мо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили сементбарорӣ, истеҳсоли оҳак, рангҳо, халтаҳои полипропиленӣ, фурӯзонакҳои диодӣ, нассоҷӣ ва ғ. фаъолияти муваффақона мебаранд.
Ғаюр Гурӯҳ ширкатҳои хоҳишмандро барои амалисозии лоиҳаҳои нав дар қаламрави Тоҷикистон даъват мекунад. Бозори минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ҳоло хеле соҳаҳояш бо маҳсулоти воридотӣ ишғол шудааст ва аз технологияҳои замонавӣ бой нест, босуръат афзоиш меёбад. Минтақа ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, аз пеш бештар, ниёз дорад.
Низоми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон кушоду шаффоф буда, ҳама шаклҳои сармоягузорӣ баробар истиқбол мешаванд. Дар қонунгузорӣ, барои соддаву осонтар кардани бақайдгирии фаъолияти тиҷоратӣ ва сабук кардани андозбандӣ, такмилоту иловаҳо ворид шудаанд. Бозори озоди пуртақозо ва мунтазам афзоянда, зиёдшавии аҳолӣ, болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, беҳгардии сатҳи зиндагонии мардум ва зиёдшавии қобилияти харидории онҳо, шароити олӣ барои соҳибкорон Тоҷикистонро ба минтақаи беҳтарине барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ табдил додааст.