Бо саҳми Раиси Шӯрои директорони ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” Акбар Асадуло дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бештар аз 4 км роҳҳои мошингарди маркази шаҳраки ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо паҳноии аз 12 то 15 метр ба маблағи зиёда аз 4 млн сомонӣ пурра таъмири асосӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки қаблан зиёда аз 4 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта бетонпӯш ва бештар аз 4 км роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон бо паҳноии 18 метр ба маблағи умумии 7,2 млн сомонӣ асфалтпӯш гардида буд.
Роҳбарияти ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои некӯаҳволии мардум ва, умуман, рушди ватани азизамон хизмат намоянд.