Акбар Асадулло Сафири дӯстии Ассамблеяи халқи Қазоқистон интихоб гардид.
Сафири дӯстии Ассамблеяи халқи Қазоқистон як ниҳоди дипломатияи ҷамъиятии Ассамблеяи халқи Қазоқистон буда, баҳри мусоидат ба рушди равобити фарҳангиву башардӯстӣ, инчунин дигар робитаҳои байни халқҳои Қазоқистон ва кишварҳои дигар нигаронида шудааст. Ассамблеяи халқи Қазоқистонро Президенти ин давлат, муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев раисӣ менамояд.
Ба ҳайси Сафири дӯстӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва ё шаҳрвандони худи Қазоқистон, ки дар таҳкими модели ҳамбастагии ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм доранд, пешбарӣ мешаванд.
Акбар Асадулло – яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун шахси навовар дар соҳаи иқтисоди воқеии ҷумҳурӣ шинохта шудааст. Айни ҳол вазифаи Раиси Шӯрои директорони ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ”-ро бар дӯш дорад.