info@gayur.tj
+992 900 201 000

КМ "Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент"

КМ “Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент”

Posted by: IceDeSws
Category: Лоиҳаҳо, Лоиҳаҳои амалишуда

Ғаюр Гурӯҳ дар шарикӣ бо КМ “Хуаксин Ғаюр Семент” соли 2016 корхонаи наву замонавии истеҳсоли сементро дар шимоли мамлакат кушоданд. Сохтмон соли 2014, дар майдони 48 гектар замин шурӯъ гардида буд. Корхона дуввумин заводи калонтарини кишвар сементбарорӣ ба ҳисоб меравад.

Барои имконпазир кардани фаъолияти беисти корхона, нерӯгоҳи барқии аловӣ бо иқтидори 25 МВт/с низ сохта шуд.

Завод бо технология ва таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда, дар он истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст. Дар корхона сементи маркаҳои M-400 ва M-500, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқанд, бароварда мешавад.

Соҳа Истеҳсоли клинкер, сементи дараҷаҳои M-400 ва M-500
Иқтидори истеҳсолӣ 1.2 миллион тонна дар як сол
Макон Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон
Арзиши лоиҳа 145 миллион доллари ИМА
Муассисон ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ”, КМ “Хуаксин Ғаюр Семент”