Корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Семент”, ки истеҳсолкунандаи калонтарини семент дар Тоҷикистон ба шумур меравад, соли 2013 ифтитоҳ ёфтааст. Кушодашавии ин ширкат яке аз қадамҳои назарраси кишвар дар роҳи худкифоӣ дар соҳаи сементбарорӣ гардид.
Ин ширкат аз ҷониби Ғаюр Гурӯҳ ва Huaxin Central Asia Investment (Wuhan) Co., Ltd таъсис дода шудааст. Ифтитоҳи ин корхона имкон дод, ки мамлакат аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи маҳсулоти баландсифат табдил ёбад.
Дар корхона технология ва таҷҳизоти замонавӣ истифода шуда, дар он сементи баландсифати ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол меёбад. Ширкат барои қонеъ гардондани талаботи рузафзун ба семент дар дохил ва беруни кишвар омода аст.