“Ғаюр Пак”, ки соли 2021 ба фаъолият оғоз кард, дорои таҷҳизоти муосиртарини истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар Тоҷикистон мебошад. Маҳсулот бо истифода аз технологияи Ad*Star, ки аз ҷониби ширкати австриягии Starlinger таҳия шудааст, истеҳсол карда мешавад.
“Ғаюр Пак”яке аз истеҳсолкунандаҳои калони халтаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар истеҳсолот танҳо ашёи хоми аълосифат истифода шуда, барои баландсифат будани маҳсулот кафолат дода мешавад.