A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: mysqli::real_connect(): Headers and client library minor version mismatch. Headers:50564 Library:100143

Filename: mysqli/mysqli_driver.php

Line Number: 155

Backtrace:

File: /var/www/gayur.tj/data/www/gayur.tj/application/models/News_model.php
Line: 15
Function: database

File: /var/www/gayur.tj/data/www/gayur.tj/application/controllers/News.php
Line: 11
Function: model

File: /var/www/gayur.tj/data/www/gayur.tj/index.php
Line: 268
Function: require_once

ҶДММ "ҒАЮР"

Оғози содрироти сементи ҶДММ КМ “Хуасин Ғаюр Семент” ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

2015-12-31

Нахустин корвони маҳсулоти ширкати истеҳсоли сементи Тоҷикистон «Хуаксин Ғаюр Семент» иборат аз 12 мошини калони боркашон бо 370 тонна сементи истеҳсоли ватанӣ аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поёни вилояти Хатлон ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаракат намуд. Ин нахустин интиқоли маҳсулоти ватанӣ ба воситаи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, тарзу усули корбарии мақомоти гумрук, истифодаи таҷҳизоти муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони ватаниву хориҷӣ хуш пазируфта шуд. Менеҷери ширкати истеҳсолии «Хуаксин Ғаюр Семент» Сюй Кэхэ зикр кард, ки ширкати «Хуаксин Ғаюр Семент» моҳи декабр бо ширкати афғонии «Шамал Шарқ» оид ба содироти 500 тонна сементи истеҳсоли Тоҷикистон шартнома баста, ҳоло дар хусуси бастани шартномаи ҳамкорӣ бо дигар ширкатҳои хориҷӣ гуфтушунидҳо идома доранд. «Бори аввал аст, ки фаъолияти худро аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, ки яке аз дарвозаҳои Тоҷикистон дониста мешавад, ба роҳ мондем ва аз тартиби фаъолияти Хадамоти гумрук таассуроти нек бардоштем. Нақша дорем, ки дар оянда ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ ва Хадамоти гумрук дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба нафъи иқтисодии Тоҷикистон роҳандозӣ кунем», — гуфт Сюй Кэхэ. Хотиррасон бояд кард, ки бунёди корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва афзун намудани ҳаҷми молу маҳсулоти содиротӣ ба хориҷи кишвар аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи иқтисодии Ҳукумати мамлакат муқаррар шуда, бунёди ширкати истеҳсолии «Хуаксин Ғаюр Семент» дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз қадамҳои нахустин ва муваффақи барномаи мазкур дониста шудааст.

Сарчашма: Маркази  матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон