A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: mysqli::real_connect(): Headers and client library minor version mismatch. Headers:50564 Library:100143

Filename: mysqli/mysqli_driver.php

Line Number: 155

Backtrace:

File: /var/www/gayur.tj/data/www/gayur.tj/application/models/News_model.php
Line: 15
Function: database

File: /var/www/gayur.tj/data/www/gayur.tj/application/controllers/News.php
Line: 11
Function: model

File: /var/www/gayur.tj/data/www/gayur.tj/index.php
Line: 268
Function: require_once

ҶДММ "ҒАЮР"

ҶДММ “Ғаюр” сарпарасти генералии дастаи футболи “Вахш” гардид

2015-05-19

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ғаюр” клуби футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро, ки айни замон дар ҳолати мушкили молиявӣ қарор дорад, дастгириву сарпарастӣ хоҳад кард. Вазифаи директори генералии ҶДММ “Ғаюр”-ро Акбар Ғуломов бар ӯҳда дорад.

Дар ин бора ба торнамои расмии Федератсияи футболи кишвар, раиси клуб Исроил Шарипов хабар дода, аз ҷумла чунин гуфт: «Мо барои кӯмак ва дастгирияшон ба ҶДММ «Ғаюр» ва директори генералии он Акбар Асадуллоевич  Ғуломов сипосгузории самимонаи худро баён менемоем.  Боварӣ дорем, ки ҳамкории байни ҶДММ “Ғаюр” ва КФ “Вахш” ба дастаи мо имконият медиҳад, ки дар мавсими имсола натиҷаҳои баландтарро соҳиб гардад».

Дар доираи ҳамкорӣ бо ҶДММ “Ғаюр” логотипи ширкат дар либосҳои футболбозони “Вахш” ҳакокӣ мешавад. Қайд мекунем, ки солҳои охир дастаи “Вахш”, ки таърихи бою ғанӣ дорад ба мушкилоти  ҷиддии молиявӣ дучор шуд. Дар давраи Соҳибистиқлолии кишвар, клуби футболи шаҳри Қӯрғонтеппа се маротиба – солҳои 1997, 2005 ва 2009 унвони чемпиони Тоҷикстонро соҳиб шудаст. Гузашта аз ин, шумораи зиёди дастпарварони мактаби футболи “Вахш” дар ҳайати дастаҳои мунтахаб ва тими миллии Тоҷикистон, шарафи футболи кишварро дар арсаи байналмилалӣ бомуваффақият ҳифз менамоянд.

Сарчашма: Маркази матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон