ҶДММ “Ғаюр”- яке аз корхонҳои калонтарин ва бо шиддат рушдкунундаи сармоягузорие мебошад, ки дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои азими истеҳсолӣ нақши муҳим дорад. Ҷамъият дар як мудати кӯтоҳ бо ҷалби сармояи хориҷӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузориро бо маблағи 330 миллион доллари ИМА амалӣ намуд, ки бештари онҳо барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

Ҷамъият нақша дорад, ки дар солҳои наздик ба яке аз калонтарин корхонаҳои сармоягузорӣ дар минтақа табдил ёфта, лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро амалӣ гардонад. Ҷамъият барои дар амал татбиқ намудани нақшаи мазкур дорои имкониятҳои ақлию молӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон, механизмҳои байналмилалии кафолати сармоя ва созишномаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро андешидааст, ки тибқи арзёбии Гурӯҳи “Пешбурди бизнес” - и Бонки ҷаҳонӣ маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид. Аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ қонунҳои “Дар бораи сармоягузорӣ”, “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”, “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ”, “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи консессияҳо”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва ғайра қабул гардидааст. Яке аз омилҳои хеле муҳими беҳтар гардидани фазои сармогузорӣ, балад гардидани фаъолнокии соҳибкорон ва ҳифзи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамроҳ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Миллаи Муттаҳид “Оид ба эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражҳои хориҷӣ” аз 10 июни соли 1958 (Ню-Йорк) гардид. Ба Конвенсияи мазкур ҳамроҳ гардидани Тоҷикистон барои сармоягузорон имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ба воситаи мехнизмҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда шавад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ Минтақаҳои Озоди Иқтисодӣ (СЭЗ) ҳамчун биҳишти заминии сармоягузорон эътироф карда мешавад, зеро имтиёзҳои гуногуни андозбандӣ ва низоми махсуси ҳуқуқии афзалиятнок пешбинӣ карда мешавад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо барои сармоягузорон шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст. Қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеъи имтиёзҳоро нисбат ба субъектони минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, ворид кардани молҳо ба минтақаи озоди иқтисодӣ ва содирот кардани мол аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба хориҷӣ кишвар бидуни пардохти андозҳо ва боҷи давлатӣ сурат мегирад. Субъектони минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод мебошанд.

Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон имтиёзҳои дигарро дар соҳаи андозбандӣ пешбинӣ менамояд. Имтиёзҳои мазкур соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ, корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд ва субъектони созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулотро дар бар мегирад. Инчунин корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда аз санаи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ҳангоми аз ҷониби муассисони онҳо дар мўҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи бақайдгирии давлатӣ ба сармояи оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани саҳмҳо аз рӯи сармоягузориҳо ба мўҳлати:

  • а) 2 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА то 500 ҳазор доллари ИМА бошанд;

  • б) 3 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошанд;

  • в) 4 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошанд;

  • г) 5 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошанд аз супоридани андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (14% барои фаъолият дар соҳаи истеҳосли молҳо, 24% барои дигар намуди фаъолият) озод карда мешаванд.

ҶДММ “Ғаюр” барои ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани дигар лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, туризм ва ғайра омода буда, хоҳишмандонро ба давлати офтоии тоҷикони меҳмондӯст даъват менамояд.