Таърих

ҶДММ “Ғаюр” соли 2002 дар заминаи корхонаи истеҳсоли хишт дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. Ҷамъият бо интихоби стратегияи нави рушд, муттаҳид намудани сармояи молӣ ва ақлӣ тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои хеле бузург ноил гардад. Аз ҷумла, Ҷамъият дар заминаи корхонаи хишт, инчунин истеҳсоли оҳак ва семетнро ба роҳ монд, ки аввалин корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷамъият дар баробари зиёд намудани иқтидори истеҳсолии корхона ва бо васеъ гардидани имкониятҳои молиявӣ ба фаъолияти сохтмони роҳу пулҳо ва сохтмони иншоотҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, маишию иҷтимоӣ шурӯъ намуд. Дар мудати кӯтоҳ Ҷамъият якчанд лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ намуд, ки 320 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва қисми зиёди онҳо барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

Ҷамъият соли 2011 бо ҷалби сармояи ширкати “Huaxin Cement Co. Ltd” - яке аз калонтарин истеҳсолкунандаи семент дар ҷаҳон ва имкониятҳои худӣ, ба сохтмони калонтарин корхонаи тавлидкунандаи семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсолии 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол, бо арзиши 145 миллион доллари ИМА оғоз бахшида, соли 2013 ба истифода супорид. Истеҳсоли семент дар корхонаи мазкур имкон фароҳам овард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши масҳулоти сохтмонии семент бо андозаи 25% паст гардида, воридоти он аз хориҷи кишвар 95% коҳиш ёбад. Алҳол ҶДММ ШМ “Хуасин Ғаюр Семент” бузургтарин корхонаи истеҳолӣ ва яке аз калонтарин андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, зиёда аз 280 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда истодааст. Соли 2015 содироти маҳсулоти корхонаи мазкур ба Ҷумҳурии Ислмоии Афғонистон оғоз гардид.

Ҷамъият дар ҳамкорӣ ва ҷалби сармояи ширкати “Huaxin Cement Co. Ltd” дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол, бо арзиши 160 миллион доллари ИМА ба кор даровард, ки талаботи вилояти Суғдуро пурра бо маҳсулоти истеҳсолии семент қонеъ гардонида, қисми боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя содирот карда мешавад. Ҷамъият соли 2016 содироти маҳсулоти корхонаро ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба роҳ монд.

Ҷамъият бо шарики стратегии худ, ширкати “Huaxin Cement Co. Ltd” шартномаи нав ба имзо расонидааст, ки тибқи он дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”-и ноҳияи Данғара корхонаи истеҳоли семент бо иқтидори истеҳолии 1 миллиону 500 ҳазор тонна семент дар як сол то охири соли 2017 сохта ба истифода супорида мешавад. Алҳол дар корхона корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, қисмати аввали корҳои лоиҳавӣ ба охир расонида шудааст.

Ҳамзамон Ҷамъият бо ҷалби сармояи хориҷии ширкати Huaxin Group Building and Installation Engineering Co., Ltd. дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ бо арзиши 18 миллион доллари ИМА бо иқтидори истеҳсолии 10 ҳазор донна гачкартон дар як рӯз ба истифода супорид, ки аввалин корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур имкон дорад, ки талаботи бозори дохиларо бо варақаҳои гаҷкартонӣ таъмин намуда, боқимондаи он ба хориҷи кишвар содирот карда шавад. Ҷамъият нақша дорад, ки дар солҳои наздик якчанд лоиҳаҳои саромягузориро дар соҳаҳҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи истеҳсоли шиша, кафел ва дигар маҳсулоти сохтмонро амалӣ намояд.

Ғуломов Акбар Асадуллоевич

Муассис, Раиси Шӯрои Директорони ҶДММ “Ғаюр”

15.02.1981 сол таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С.Осимӣ бо ихтисоси сохтмончӣ ва соли 2013 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.

Мавсуф ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки роҳбарии онҳоро Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, мебошад.

Ғуломов Акмал Асадуллоевич

Муассис, Директори генералии ҶДММ “Ғаюр”

01.01.1991 сол таваллуд шудааст. Соли 2012 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намудааст. Солҳои 2012-2013 дар вазифаҳои гуногуни ҶСШКХ “Барқи Тоҷик”, солҳои 2013-2016 дар вазифаҳои гуногуни ҶДММ “Ғаюр” фаъолият намуда, соли 2016 Директори генералии ҶДММ “Ғаюр” таъин гардидааст.

Сафаров Юсуф Саидович

Муовини аввали Директори генералии ҶДММ “Ғаюр”

07.08.1985 сол таваллуд шудааст. Соли 2007 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2011 аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2007 – Муассис, Шарики идоракунандаи ширкати ҳуқуқии “Ёвар”, солҳои 2008 – 2009 - муассис, Директор оид ба лоиҳаҳои “Фонди рушди соҳибкории Тоҷикистон”, солҳои 2009-10.2015-муовин, сардори Шӯъбаи қонунгузории гражданӣ, оилаваӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи октябри соли 2015 дар ҶДММ “Ғаюр” ба ҳайси муовини аввали Директори генералӣ мазкур фаъолият менамояд.

Каримов Аҳлиддин Изатуллоевич

Муовини Директори генералӣ оид ба сохтмон-Директори генералии ҶФДММ “Ғаюр-1”

25.02.1976 сол таваллуд шудааст. Соли 2007 Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихисоси муҳандис ва соли 2015 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М.С.Осимиро бо ихисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Солҳои 1995-2000 дар корхонаи хурди “Меҳнат” ба ҳайси коргар, солҳои 2000-2003 дар ҶСШК “Химстрой” ҳамчун мауҳандис фаъолият намудааст. Солҳои 2003-2006 дар ҶСП “Акмал”, солҳои 2006-2008 дар ҶДММ “Ғаюр”, солҳои 2008-2009 дар ҶСП “Аметист Плюс”, солҳои 2009-20011 дар ҶДММ “Ғаюр” ба ҳайси директори генералӣ ва аз соли 2011 инҷониб дар ҶФДММ “Ғаюр 1” дар вазифаи директори генералӣ фаъолият намуда истодааст. Соли 2016 ба вазифаи муовини Директори генералӣ оид ба сохтмони ҶДММ “Ғаюр” таъин гардидааст.

Зафари Сафарализода

Муовини Директори генералӣ оид ба истеҳсолот

13.11.1983 сол таваллуд шудааст. Соли 2005 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Солҳои 2008-2009 сардори Шӯъбаи кадрҳои ҶСП “Аметист Плюс”, солҳои 2009-2011 ҳуқуқшиноси ҶДММ “Ғаюр”, аз соли 2011 муовини директори генералии ҶФДММ “Ғаюр 1. Соли 2016 муовини Директори генералии ҶДММ “Ғаюр” оид ба истеҳсолот таъин гардидааст.

Ҳомидов Камол Рустамович

Муовини Директори генералӣ оид ба фурӯш ва рушди бизнес

04.06.1978 сол таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи корхонаҳо ва соли 2015 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С. Осимиро бо ихтисоси муҳофизати релегӣ ва автоматика хатм намудааст. Солҳои 2002-2003 дар Раёсати молияи Ҳукумати ш.Душанбе, солҳои 2004-2014 дар ҶСШКХ “Барқи Тоҷик” дар вазифаҳои нозири техникии Шӯъбаи фурӯш, сардори Муассисаи фурӯши барқ, сармуҳандиси Раёсати фурӯш, назоратчии минтақаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, муовини сардори Раёсати фурӯши барқ фаъолият намудааст. Солҳои 2014-2015 муовини Директори генералии ҶДММ “Ғаюр”, соли 2016 муовини Директори генералии ҶДММ “Ғаюр” оид ба фурӯш ва рушди бизнес таъин гардидааст.

Роҳбарият

Ғуломов Акбар Асадуллоевич

Муассис, Раиси Шӯрои Директорони ҶДММ “Ғаюр”

Ғуломов Акмал Асадуллоевич

Муассис, Директори генералии ҶДММ “Ғаюр”

Сафаров Юсуф Саидович

Муовини аввали Директори генералии ҶДММ “Ғаюр”

Каримов Аҳлиддин Изатуллоевич

Муовини Директори генералӣ оид ба сохтмон-Директори генералии ҶФДММ “Ғаюр-1”

Зафари Сафарализода

Муовини Директори генералӣ оид ба истеҳсолот

Ҳомидов Камол Рустамович

Муовини Директори генералӣ оид ба фурӯш ва рушди бизнес

Лоиҳаҳои иҷтимоӣ

Сарпарастии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶДММ “Ғаюр” бо мақсади дастгирии молиявии варзишгарони тоҷик ва оммавигардонии варзиш Сарпарастии расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтааст. Маблағҳои аз ҷониби Ҷамъият барои Кумита ҷудогардида барои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, баргузории тамринҳои таълимию варзишӣ, таъмин бо витаминҳо ва ташхиси тибии варзишгарон, таъмири иншоотҳои варзишӣ истифода мегардад.

Бояд қайд кард, ки муассис ва Раиси Шӯрои Директорони ҶДММ “Ғаюр” Ғуломов Акбар Асадуллоевич тибқи қарори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, интихоб гардидааст.

Сарпарастии дастаи футболи “Вахш”

ҶДММ “Ғаюр” бо мақсади рушди футбол ва дастгирии молиявии дастаи футболи ватанӣ сарпарасти кулли дастаи футболи “Вахш” (Қурғонтеппа) гардидааст. Тибқи шартнома дар либосҳои бозингарони даста ва дигар ашёҳое, ки даста истифода мебарад логотипи Сарпарасти кул - ҶДММ “Ғаюр” ҷойгир карда мешавад.

Дар давраи cоҳибистиқлолияти кишвар дастаи футболи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа се маротиба – солҳои 1997, 2005 ва 2009 соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикстон гардида буд. Гузашта аз ин, миқдори зиёди дастпарварони мактаби футболи “Вахш” дар ҳайати дастаҳои мунтахаб ва тими миллии Тоҷикистон бозӣ менамоянд. Алҳол дастаи футболи “Вахш” дар байни дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон дар ҷойи 8-ум қарор дорад.

Фонди ҷамъиятии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам”

Ҷамъият дар якҷоягӣ бо ҶДММ “Хуасин Ғаюр Семент” фонди ҷамъиятии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам”-ро таъсис додааст, ки лоиҳаҳои гуногуни хайриявиро дар соҳаҳои мароиф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, варзиш ва ғайраро маблағгузорӣ менамояд. Соли 2014 аз ҳисоби фонди мазкур лоиҳаҳои гуногуни хайривӣ ба андозаи 680 ҳазор сомонӣ ва соли 2015 ба андозаи 3 миллион сомонӣ барои 4 соли оянда маблағгузорӣ гардидааст.

Сохтмони мактаби миёна дар ноҳияи Ёвон

Ҷамъият дар якҷоягӣ бо ҶДММ “Хуасин Ғаюр Семент” мактаби нави ҳамагонӣ барои 640 нафар хонанда дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сохта ба истифода супоридааст, ки дар маросими кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намудааст.

Шарикон